Порча аз китоби "ДАР ҶУСТУҶӮИ ТАКЯГОҲ" муаллифи А. Алави
...
Ман китобчаамро пора-пора карда (китоби масеҳи буд), сӯзондам, ва худро сарзаниш мекардам, ки чаро ба намунаи ҷӯраам пайравй нанамудам ва ин корро пештар накардам. Аз ҳамон вақт ман мусулмони тақводор шудам, ки ҳеҷ як дуои даркориро мавқуф намегузоштам. Вақт мегузашт, шубҳаҳо барҳам хӯрданд, аммо ҳар боре ки он китобчаро ба ёд меовардам, дар дилам изтироб пайдо мешуд, ва ман дар бораи ҷони худ фикр мекардагй шудам.

Ва баъд, магар ман номи «Исо»-ро фаромӯш карда метавонистам, дар ҳоле ки ҳар бегоҳ ҳангоми хониши оятҳои Қуръон онро такрор менамудам! Ниҳоят қарори наҷотбахш омад - омӯхтани ҳаёти Исо аз рӯи Қуръон ва дигар адабиёти исломй. Забони арабиро ман хуб намедонистам, аммо аз ҳамон замон ман таҳти роҳбарии дӯсти наздики оилаамон Юсуфи Малавй, ки дар мактаби назди хонаамон муаллими забони арабй буд, бо ҷидду ҷаҳд онро омӯхтан гирифтам. Баъди муддате ман фаҳмидам, ки Исо дар Қуръон ва ҳадисҳо) ҷои намоёне дорад. Ба ман ҳатто чунин намуд, ки дар Қуръон Исо назар ба Муҳаммад мақоми муҳимтаре дорад. Ба зудй муаллим ва тамоми аҳли оила ба майли ман, ки дар бораи Исо бештар фаҳмидан мехостам бо шубҳаи зиёд муносибат мекардагй шуданд ва бо мулоимат маслиҳат доданд, ки ба Муҳаммад диққати бештар диҳам. Аммо ман чун пештара ба он ҷойҳои Қуръон, ки Исо зикр мешавад, ба ҳикояти ғайриоддии таваллудшавии ӯ ва мӯъҷизаҳое ки ӯ ба амал меовард, таваҷҷӯҳ доштам.
«Фариштагон гуфтанд:«Эй Марям, Худотуро ба калимаи Худ башорат медиҳад; Номи ӯ Масеҳ, Исо писари Марям аст. Дар дунё ва охират обрӯманд ва аз наздикон аст. Бо мардум, дар гаҳвора ва куҳансолй сухан мегӯяд ва аз шоистагон аст».
Марям гуфт: «Эй Парвардигори ман,чйгуна маро фарзанде бошад, дар ҳоле км башаре ба ман даст назадааст?» Гуфт: «Ба он соп, км Худо ҳар чй бихоҳад, меофаринад. Чун иродаи чизе кунад, ба ӯ гӯяд: «Мавҷуд шав!» пас мавҷуд мешавад. Худо ба ӯ кмтобу ҳмкмат ва Тавроту Инҷмл меомӯзад.
Ва ба пайғамбарй бар банм Исроилаш мефиристад, км ман ба мӯъҷмзае аз Парвардигоратон наздм шумо омадаам. Бароятон аз гмл чмзе чун парранда месозам ва дар он медамам, ба мзнм Худо паррандае шавад ва кӯрм модарзод ва песшударо шмфо медмҳам. Ва ба фармонм Худо мурдаро змнда мекунам. Ва ба шумо мегӯям, ки чй хӯрдаед ва дар хонаҳои худ чй захира кардаед. Агар аз мӯъминон бошед, инҳо барои шумо нишонаҳои ҳаққонияти ман аст! Тавроти ҳозирро тасдиқ мекунам ва порае аз чмзҳоеро, км бар шумо ҳаром шуда, ҳалол мекунам. Бо нишоне аз Парвардигоратон назди шумо омадаам. Аз Худо битарсед ва манро итоат кунед!» (3:45- 50).
Ман ҳамчунин пай бурдам, ки Қуръон ба Таврот (Аҳди Қадим) ва Инҷил (Аҳди Ҷадид) ишора карда, маро даъват мекунад, ки ба он бовар кунам, чунки онҳо «ҳидоят ва нур» мебошанд (5:46).
Махсусан ин оят бисёр ба ёди ман меомад:
«Агар дар он чй бар ту нозил кардаем, дар шубҳа ҳастй, аз онҳое, ки китоби осмонии пеш аз туро мехонанд, бипурс. Ҳароина ҳақ аст он чи аз ҷониби Парвардигорат бар ту нозил шудааст. Пас набояд дар шумори шубҳакунандагон бошй!» (10:94).
Ин оятро хонда, ман масеҳиён ва китобчаҳои онҳоро ба ёд меовардам. Охир, мувофиқи ислом, масеҳиён «аҳли Китоб» мебошанд. Агар Қуръон Муҳаммадро даъват намуда бошад, ки ҳангоми шубҳаҳо ба масеҳиён муроҷиат намояд, чаро ман низ чунин накунам. Аммо ба масеҳиён муроҷиат кардани ман осон набуд, зеро то ҳол ман амалан бо онҳо ҳеҷ муошират надоштам.
...