Ҳаёти нав

Мукофоти бе муздро гирифтан чи маъно дорад? Ҳаёти нав чи маъно дорад?

 

Чӣ гуна фақмидан мумкин аст, ки Исо ба ҳаёти шумо даромад ё не.

Шумо Исоро ба ҳаёти худ қабул кардед? Мувофиқи ваъдаҳои Ӯ (Ваҳӣ 3.20), ҳозир нисбат ба шумо Исо дар кучо воқеъ аст? Исо гуфт, ки Ӯ ба ҳаёти шумо медарояд.

Оё Ӯ метавонад шуморо фиреб диҳад? Барои чӣ шумо боваринок ҳастед, ки Худо ба дуои шумо чавоб дод? Чунки Худо ва каломи Ӯ сазаворй боварии мо мебошанд.

 

Навиштаҷоти Муқаддас ба ҳамаи онҳо ки Исоро қабул карданд, ҳаёти ҷовидони ваъда медиҳад.

“Зеро ки музди гуноҳ мамот аст, аммо бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ .” (Ба Румиён 6:23)

Худоро ҳамеша ҳамд хонед, барои он ки Исо дар ҳаёти шумо аст ва Ӯ ягон вақт шуморо тарк намекунад. (Ба Ибриён 13.5) Мувофиқи ваъдаҳои Ӯ, шумо бояд бидонед, ки Исо дар шумо маскан аст ва шумо ҳаёти ҷовидони доред, аз он лаҳзае, ки Ӯро қабул намудед. Ӯ шуморо фиреб намедиҳад.

 

Дар ёд доштан муҳим аст...

 

Ба ҳиссиёт такя накунед.

Асоси имони мо, асоси ҳаёти нави мо, ин на ҳиссиёти мо, балки ваъдаҳои Худо, ки дар Навиштаҷоти Муқаддас оварда шудаанд. Пайравони Исо бо умед ба садоқати Худо ва Каломи Ӯ зиндагй мекунанд. Ин расм, ки дар он қатора тасвир ёфтааст, аломати зиндагии пайравони Исо мебошад ва алоқаи байни ҳақиқат (Худо ва Каломи Ӯ), имон (боварии мо ба Худо ва Каломи Ӯ ) ва ҳиссиётро (натиҷаи имон ва итоати мо) нишон медиҳад. (Юҳанно 14.21).

Маълум аст, ки паровоз бе вагонҳо низ ҳаракат кардан метавонад. Лекин қатораро бо ёрии вагонҳо ҷунбондан тамоман бефоида аст. Ба монанди ҳамин, мо набояд ба ҳиссиёти худ такя кунем, балки мо имони худро ба обрӯи тағир-нопазири Худо ва Каломи Ӯ мегузорем.

 

Акнун, вакте ки шумо Исоро қабул кардед.

Дар он лаҳзае, ки шумо Исоро бо имон қабул кардед, бисёр чиз ба амал омад, ва хусусан:

  1. Исо ба ҳаёти шумо даромад (Ваҳӣ 3:20, Ба Қӯлассиён 1.27).
  2. Шумо омӯзиши гуноҳоро ёфтед (Ба Қӯлассиён 1:14).
  3. Шумо аъзои оилаи Худо гардидед (Юҳанно 5:24).
  4. Шумо ҳаёти нав (ҳаёти ҷовидонӣ) ёфтед (Юҳанно 5:24)
  5. Шумо ба нишони оли роҳ пеш гирифтед, ки Худо барои он шуморо офаридааст. (Юҳанно 10:10, 2 Ба Қуринттиён 5:17; ва 1 ба Таслӯникиён 5:18).

 

Оё шумо хоҳиш доред, ки худи ҳозир Худоро ҳамд гуед, барои ҳамон чизе ки Ӯ дар ҳаққи шумо кардааст? Барои он ки хаёти нави шумо пурбаҳор бошад, шумо бояд руҳан камол ёбед.

 

Барои камолёбии руҳй чиро донистан зарур аст

Камолёбии рӯҳӣ, бисёр вақт, аз боварии мо ба Исо вобаста аст. Ҳаёти бо имон ба шумо имконият медиҳад, ки боз ҳам зиёдтар дар ҳар як қадами зиндагии худ ба Худо эътиқоди бисьёртар пайдо кунед ва инҳоро иҷро намоед:

  1. Бо дуо ба Худо муроҷиат кунед (Юҳанно 15:7).
  2. Навиштачоти Муқаддасро хонед (Аъмол 17:11) (хонданро аз Инчили Юҳанно оғоз диҳед).
  3. Боварӣ доштан ба Худо, дар ҳамаи ҳолатҳо (Юҳанно 14:21).
  4. Шаҳодатдиҳи ба одамон дар барои Исо бо суханон, бо аъмол ва бо тамоми ҳаёти худ. (Матто 4:19, Юҳанно 15:8)
  5. Дар ҳама чиз ба Худо вогузор намудан. (1 Петрус 5:7)
  6. Ба Рӯҳулқудс имконият додан, ки шуморо идора кунад ва бо қуввати Худ шуморо пур намояд - барои ҳаёти ҳаррӯза ва шаҳодатдиҳй дар барои Исо. (Ба Ғалотиён 5:16-17, Аъмол 1:8)

 

Мушоракат ба пайровони Исо.

Навиштаҷоти Муқаддас ба пайравон маслиҳат медиҳад “ҷамъомади худро тарк накунед” (Ба Ибриён 10.25)

Оташ ҳамон вақт нағз месӯзад, агар ҳезум якҷоя чамъ шуда бошад, вале тоқа-тоқа онҳо тез хомӯш мешаванд. Ва ба чунин ҳолат пайравони Исо дучор мешаванд. Агар шумо ба ҷамъомади пайравони Ӯ рафтанй бошед, интизор нашавед, ки шуморо таклиф кунанд. Эътиқоддорони Исоро дар он ҷое ки шумо зиндагй мекунед, ёбед яъне ҷамомади имондороне, ки Исоро эҳтиром мекунанд ва Каломи Ӯро башорат медиҳанд. Ин барои ҳаёти рӯҳонии шумо комилан зарур аст.

Саволхо доред? Бо мо метавонед нависед.

Email-ро дақиқ навис. Мо ба ту ҷавоб додан мехоҳем!