Дуроҳа

Ин ду доира тарзи ду намуди ҳаётро ишора мекунад.

1 - Ҳаётеро, ки худи одам идора мекунад. Чунин одам тамоми ҳаёташро барои қонеъ гардондани хоҳишҳои худаш мутеъ месозад. Чунин ҳаёти бидуни Исо, ба ноумедӣ мебарад.

2 - Ҳаётеро, ки Исо ҳукмронӣ мекунад. Чунин инсон ҳаёташро ихтиёран ба дасти Худованд месупорад ва тамоми хоҳишҳои чунин инсон мувофиқи иродаи Худо мебошад. Чунин зиндагӣ пурмаъно, пур аз шодӣ ва умедҳост.

Кадоме аз ин дуто тасвирҳо, ба ҳаёти шумо бештар шабоҳат дорад? Шумо кадомашро интихоб кардан мехоҳед?

 

 

Шумо худи ҳозир метавонед ба Исо бо дуо муроҷиат намуда, Ӯро бо имон қабул кунед.

(Дуо – ин суҳбат бо Худо аст.)

Худо дили одамизодро хуб медонад. Барои ҳамин ба Ӯ ҳолати диламон нисбат ба суханонамон муҳимтар аст.

ДУО МЕТАВОНАД ЧУНИН БОШАД:

Исо, ман муҳтоҷи Ту ҳастам. Туро шукр мегӯям, ки дар салиб барои гуноҳҳоям қурбон шуди. Ман дари ҳаётамро воз карда Туро ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованди худ қабул мекунам. Барои бахшиши гуноҳҳоям ва ҳаёти ҷовидони шукр мегӯям. Ҳаётамро ба дастонат бигир. Аз ман чунин одаме соз, ки Худат дидан мехоҳӣ. Худои Пурқудрат, ман Туро дӯст медорам ва ба Ту ҳамду сано мехонам. Омин.

Оё ин дуо хоҳиши дили шуморо ифода мекунад?

Агар ифода кунад, худи ҳозир дуо кунед ва Исо, чи хеле ки ваъда кард, ба ҳаёти шумо медарояд.

Саволхо доред? Бо мо метавонед нависед.

Email-ро дақиқ навис. Мо ба ту ҷавоб додан мехоҳем!