Ба ҳама маълум аст, ки дар Олами мо қонунҳои табиат амал мекунад. Вале, боз хақиқатҳои рӯҳиё вуҷуд доранд, ки муносибатхои дуҷонибаи мо бо Худо ба онҳо вобастагӣ доранд.
Биёед онҳоро муоина кунем.

ҚОНУНИ ЯКУМ - Худо шуморо дӯст медорад ва Ӯ нисбати ҳаёти шумо нақшаи аҷибу зебо дорад
МУҲАББАТИ ХУДО
" Муҳаббат дар ин аст, ки на мо Худоро дӯст доштаем, балки Ӯ моро дӯст дошт..." (1-ум китоби Юҳанно 4:10)
Ӯ МОРО БАРОИ ЧИ ОФАРИД
" Ҳамаи қавмҳои насли одамизодро Ӯ аз як хун ба вуҷуд овардааст, … то ки онҳо Худоро ҷустуҷӯ кунанд ва, шояд Ӯро ёбем гӯён, … гарчанде ки Ӯ аз ҳеҷ яке аз мо дур нест: Зеро ки мо дар Ӯ зиндагӣ ва ҳаракат мекунем ва вуҷуд дорем. (Китоби аъмоли ҳаввориён 17:26-28)
Ба мо чӣ халал мерасонад, ки Худоро шахсан бишносем?

ҚОНУНИ ДУЮМ - Одам гуноҳкор аст ва аз Худо ҷудо мебошад
Аз ҳамин сабаб ӯ наметавонад муҳаббат ва нақшаи Худоро шиносаду эҳсос намояд.
ОДАМ ГУНОҲКОР АСТ
“Чунки ҳама гуноҳ карда, аз чалоли Худо маҳрум шудаанд.” (Румиён 3:23)
Одамизод барои он офарида шудааст, ки бо Худо муошират намояд, аммо аз барои худсарии якрави худ роҳи худашро интихоб кард. Дар натиҷа муошират бо Худо канда шуд. Ин худсариеро, ки дар беитоатии фаъол ё дар муносибати бепарвоёна ба Худо ифода мешавад Китоби Муқаддас гуноҳ меномад.
ОДАМ АЗ ХУДО ҶУДО ШУДААСТ.
“Зеро ки музди гуноҳ мамот аст.” (ҷудошавии рӯҳӣ аз Худо) (Румиён 6:23)
“Балки гуноҳҳои шумо дар миёни шумо ва Худои шумо ҷудоӣ андохтааст, ва хатоҳои шумо рӯи Ӯро аз шумо пӯшидааст,
то ки нашнавад.”(Китоби Пайғамбари Ишаъё 59:2)
Ин расм нишон медиҳад, ки Худо муқаддас аст, одам бошад гуноҳкор. Ғори ниҳоят калон онҳоро ҷудо мекунад. Тирчаҳо нишон медиҳанд, ки одам ҳама вақт кӯшиш мекунад, ки ба Худо ва ҳаёти фаровонӣ бо қувваи худ расад, масалан бо амали нек, фалсафа, дин ва ғайра.
Аммо ягона роҳи баромадро ба мо қонуни сеюм ишора мекунад.

ҚОНУНИ СЕЮМ - Исои Масеҳ – ягона роҳи халосӣ аз гуноҳ аст, ки Худо ба мо додааст
ХУДО БА ИН ЗАМИН БА ШАКЛ ОДАМ (ИСО) ОМАД
“Лекин Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гуноҳкор будем Масеҳ барои мо мурд.” (Румиён 5:8).
Ӯ БАРОИ ГУНОҲҲОИ МО ҚУРБОН ШУД
“Зеро Ӯро, ки аз гуноҳ бехабар буд, барои мо қурбони гуноҳ сохт, то ки мо дар Ӯ адолати Худо шавем.” (2 Ба Қӯринтиён 5:21)
"Лекин Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гуноҳкор будем Масеҳ барои мо мурд." (Ба Румиён 5:8)
Ӯ АЗ МУРДАНОГОН ЭҲЁ ШУД.
"Исо барои гуноҳҳои мо мурд... Дафн карда шуд... Ва... Дар рӯзи сеюм эҳё шуд... Мувофиқи Навиштаҳо." (1 Қӯринтиён 15:3-4)
МАСЕҲ - РОҲИ ЯГОНА БА НАЗДИ ХУДО.
"Исо гуфт: Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам; касе наметавонад ба назди Падар ояд, магар ин кӣ ба василаи Ман." (Инҷили аз Юҳанно 14:6)
Дар ин расм намудор аст, ки Худо ба болои ғоре, ки Ӯро аз одамон ҷудо карда аст, купруке гузошта ест, яъне Исоро фиристод, то ки ба ҷои мо қурбон шавад. Исо чун барраче ба қурбонӣ дода шуд, барои гуноҳои мо.
ТАНҲО ДОНИСТАНИ ИН 3 ҚОНУН КАМ АСТ...

ҚОНУНИ ЧОРУМ - Ба мо лозим аст, ки шахсан Исои Масеҳро, ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Худованди Худ қабул кунем; танҳо баъд аз ин мо метавонем муҳаббати Худоро ва нақшаи Ӯро фаҳмем
БА МО ЗАРУР АСТ, КӢ ИСОРО ҚАБУЛ КУНЕМ.
"Лекин ба онҳое кӣ Ӯро қабул карданд ва ба исми Ӯ имон оварданд, қудрат дод, кӣ фарзандони Худо гарданд." (Инҷили аз Юҳанно 1:12)
МО ИСОРО БО ИМОН ҚАБУЛ МЕКУНЕМ.
"Зеро кӣ шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост, балки атои Худост, ва аз аъмол нест, то кӣ ҳеҷ кас фахр накунад." (Ба Эфсусиён 2:8-9).
Исоро қабул карда, мо аз нав таваллуд мешавем. (Инҷили аз Юҳанно 3:1-8)
Мо Исоро бо даъвати шахсии худ қабул мекунем. Исо гуфт: "Инак, назди дар истода, тақ-тақ мекунам: агар касе овози Маро шунида, дарро воз кунад, назди ӯ даромада..." (Ваҳй 3:20)
Имон овардан ба Исо - яъне тавба кардан аз гунноҳҳои худ, кабул намудани омурзиши Ӯ, роҳ додан, ки ба зиндагии мо дорояд ва аз мо чунин одамоне бисозад, чӣ хеле ки Худаш дидан мехоҳад. Факат бо шуур эътироф кардани он, ки Исо қурбонӣ буд, барои мо, нокифоя аст.
Аз ҳама муҳим ин бо имон қабул кардани Исо мебошад ва ин амали иродаи мо аст.